Ба иттилои манбаъ, сипас раиси вилоят аз маркази тиҷоратии «Созмон» дидан намуд. Ин марказ яке аз аввалин коргоҳҳое мебошад, ки дар шаҳри Конибодом бо истеҳсоли дару тирезаҳои пластикӣ ва истпеҳсоли мебел машғул аст. Дар ин корхона алҳол 20 нафар бо ҷои кори доимӣ таъмин ҳастанд. Дар ояндаи наздик ширкати «Созмон» ният дорад барои занҳо ҷойҳои кории нав ташкил намояд. Аз ҷумла, таъсис додани сехи дӯзандагӣ, зардӯзии миллӣ ва эҳёи ҳунарҳои халқиро Коҳир Расулзода мувофиқи мақсад шуморид.
Ҳангоми боздиди корӣ меҳмонон ба мактаби рақами 54-и шаҳри Конибодом ташриф оварданд. Мактаби мазкур барои 600 хонанда пешбинӣ шудааст. Бинои мактаб пурра аз нав барқарор шуда, корҳои сохтмонӣ ба охир расиданд. Бо супориши раиси вилоят мактаби навбунёд бо мизу курсиҳои дарсӣ ва лавозимоти хониш таъмин мешавад. Ба истифода додани мактаб дар соли хониши нав дар назар аст.
Дар идомаи сафар ҷаноби Расулзода аз ҷамъияти саҳҳомии Энаҷон Бойматова дидан кард. «Хоҷагии овозадори шаҳри Конибодом бо парвариши ниҳол, асосан дарахти зардолу машғул ҳастанд. Бинобар маълумоти сарвари хоҷагӣ ҳар сол то 30 ҳазор ниҳоли зардолу парвариш мекунанд. Соли ҷорӣ бошад, парвариши боз 25 ҳазор намуди ниҳолҳои гуногун ба монанди сафедор, ангур, анор, чормагз ва дигар дарахтони мевагиро ба роҳ мондаанд»,-илова кард манбаъ ва афзуд, ки дар боғҳои зардолуи хоҷагӣ зиёда аз 20 намуди гуногуни зардолу парвариш меёбанд. Ҳар сол ҳосилнокии пахта беш аз 40 сентнерро ташкил медиҳад. Чунин тарзи корбарӣ барои дигарон намунаи ибрат бояд бошад, таъкид намуд Қоҳир Расулзода.
« Май 2025 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | 4 | |||
5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 |
12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 |
19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 |
26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 |