Бахшҳо

Шаҳрдори Душанбе нақшаи чорабиниҳои Рӯзи ваҳдати миллӣ дар пойтахтро тасдиқ кард

25-уми май дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шањри Душанбе таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев ҷаласаи корӣ оид ба баррасии масъалаҳои омодагии шаҳрдорӣ ба таҷлили 15-солагии Рӯзи ваҳдати миллӣ баргузор гардид.

Дар ҷаласа раиси шаҳр ба нақшаи қаблан тасдиқгардидаи шаҳрдорӣ оид ба таҷлили 15-солагии Рӯзи ваҳдати миллӣ тағйирот ворид намуда, тақвими баргузории чорабиниҳои шаҳриро ба ифтихори ин сана- 27-уми июни соли 2012 тариқи зайл муайян кард:
Соати 9:00 бо инобати 15-солагии Рӯзи ваҳдати миллӣ дар таносуби чор ноҳияи шаҳр баргузории тӯйи арӯсии 60 нафар (15х4) ҷавон аз оилаҳои ниёзманд бо тақдими тӯҳфаҳо ва маблағи молиявӣ дар ҳаҷми умумии 5827 сомонӣ ба ҳар як ҷавони навхонадор ва доир намудани расми тантанваии супоридани шаҳодатномаҳои ақди никоҳ аз ҷониби мири пойтахт дар Муассисаи давлатии «Душанбе-Плаза»-и Макомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе;
Соати 10:00 – баргузории пойгаи аспдавонӣ дар Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳи пойтахт» (воридшавӣ тавассути чиптаҳо);
Соати 10:00 то 11:30  баргузории чорабиниҳои фарҳангии сатҳи ноҳиявӣ дар Боғи Дӯстии Халқҳо (ноҳияи Фирдавсӣ), Боғи Ирам (ноҳияи Исмоили Сомонӣ), Кӯли ҷавонон (ноҳияи Сино), майдони 800-солагии Москва бо дарназардошти пешниҳоди 50% пардохти ҳамагуна хизматрасонии қаҳвахонаи «Москва» барои мизоҷон (ноҳияи Шоҳмансур);
Соати 18:00 то 21:00 – гӯштии миллӣ дар варзишгоҳи Марказии шаҳри Душанбе (воридшавӣ озод);
Соати 20:00 -баргузории барномаи фарҳангии сатҳи шаҳрӣ ба ифтихори 15-солагии Рӯзи ваҳдати миллӣ дар Муассисаи давлатии «Боғи пойтахт»;

Дар ин зимн муқаррар сохт, ки 27 июни соли 2012 дар тамоми боғҳои фарҳангию фароғатии шаҳри Душанбе сайругашти  оммавии сокинон ташкил карда шуда, барои хизматрасонии онҳо бо пешниҳоди маҷмӯи муҳимот фаъолияти боғҳо аз соати 8:00 то 23:00  роҳандозӣ мешавад.
Ҳамзамон директори навтаъини КВД «Маркази Дӯстӣ- Интернет- кафе» (Боулдер-Душанбе) Олим Маҳкамов муваззаф гардид, ки видеоконфронсҳои муҳассилини шаҳри Душанбе, ки дар донишкадаҳои олии хориҷ аз марзи ИДМ таҳсил менамоянд, бо волидон ва ҳамтоёнашон аз пойтахт тариқи ройгон аз соати 8:00 то 23:00  доир намояд.

Инчунин дар ҷаласа тибқи дастури шаҳрдор ба ифтихори Рӯзи ваҳдати миллӣ аксияи чиптаҳои воридшавӣ ба маблағи 1 сомонӣ дар Муассисаи давлатии «Боғи пойтахт» то 27 июни соли 2012 тамдид карда шуд.
Барои омодагиҳо ба чорабиниҳои фарҳангӣ ҳайати коргардонон тасдиқ карда шуд, ки тибқи он дар тарҳрезии чорабинии сатҳи шаҳрӣ - коргардон Набӣ Ҷалолов ва коргардонони театри «Оина» мутаносибан дар ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ-Убайдулло Раҷабов, Сино-Абӯалӣ Муродов, Шоҳмансур- Иззатулло Самадов ва Фирдавсӣ – Шаҳзод Раҷабов вобаста гардиданд.

Бо тасдиқи тақвими баргузории чорабиниҳои мазкур роҳбарияти шаҳр аз кулли сокинони пойтахт ва меҳмонони он даъват ба миён овард, ки зимни иштирок дар ин маъракаҳо бо риояи тартиботи ҷамъиятӣ, одоби ҳамида, фарҳанги баланди шаҳрнишинӣ ва эҳтироми ҳамдигарӣ муносибат намоянд.
Дар ин бора ба Озодагон Шавкат Саидов, сухангӯи раиси шаҳри Душанбе иттилоъ дод.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)