Дар бозори масолеҳи сохтмонии Тоҷикистон аз аввали баҳор то ҳозир нархи чӯби сохтмонӣ 30 доллар қиммат шуда, дар шаҳри Душанбею ноҳияи Ҳисор як метри мукааби он ба ивази 350-360 доллари амрикоӣ дар фурӯш аст.
Аксари фурӯшандагон чӯбашонро истеҳсоли Русия муаррифӣ карда, делели гарониро ҳаққи интиқол, сифати хуб ва пардохтҳои гумрукӣ арзёбӣ мекунанд.
Ин дар ҳолест, ки имкониятҳои Тоҷикистон барои таъмини худ бо чӯбу тахтаи сохтмонӣ бузург арзёбӣ мегарданд.
Абдулназар Абдулназаров, масъули хоҷагии ҷангали кишвар мегӯяд, Тоҷикистон тамоми имкониятҳоро барои танг намудани ҷои чӯби русиро дар бозорҳои дохилӣ дорад:
«Дар кишвар, то баландиҳои 3600-4000 метр барои парвариши сафеддор шароити мусоид фароҳам аст. Баъди 7-8 сол аз ҳар ниҳоли он, то 3-4 метри мукааб чӯби сохтмонӣ дастрас хоҳад гашт. Дар сурати муназзам ва аз рӯи нақша сурат гирифтани парвариши сафеддор бе коҳиши захоири хоҷагии ҷангал имкон дорад, ки Тоҷикистон худро бо чӯбу тахта таъмин намояд».
Мӯҳр