Дар Ҳиндустон бар асари сониҳаи нақлиётӣ 27 нафар ба ҳалокат расид. 18 каси дигар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмоӣ бардоштаанд.
Тавре иттилоъ дода мешавад, ин ҳодиса дар шоҳроҳи мошингардии наздик ба шаҳри Мумбай ба вуқӯъ пайвастааст. Мусофиркаши хурде, ки гурӯҳи одамонро аз маросими арӯсӣ меовард, бо иллати нуқси техникӣ дар канори роҳ меистад. Ин ҳангом мошине бо суръати баланд ба он бармехӯрад.
Ронандаи нақлиёте, ки ба автобус бархӯрдааст, боздошт ва аз сӯи пулис бозпурсӣ мешавад.
Мӯҳр