Ҷиҳати дарёфти ҷои кор аз якуми январ то аввали моҳи ҷорӣ ба Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ ва шуғли аҳолии Тоҷикистон 41 ҳазору 400 нафар муроҷиат кардааст, ки аз онҳо 22 ҳазору 774 нафарашро шаҳрвандони расман бекор ташкил додаанд. Дар ин бора аз агентии мазкур хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ Барномаи давлатии шуғли аҳолӣ тайи ин муддат 10 ҳазору 880 нафарро бо ҷои кор таъмин кардаст, ки ин дар муқоиса бо нишондоди чор моҳаи аввали соли гузашта 35 фоиз зиёд мебошад. Як қисми дигар аз ҷониби бахши хусусӣ ба кор ҷалб шуда, 5 ҳазору 108 нафар аз курсҳои махсуси омӯзишӣ гузаштаанд. 2 ҳазору 173 нафар, ки аз ҷои корашон маҳрум монданд, давоми се моҳ аз давлат кӯмакпулӣ гирифтаанд.
Дар маҷмӯъ масъулини Агентии ҳифзи иҷтимоӣ ва шуғли аҳолии кишвар изҳор медоранд, ки дар чор моҳи аввали соли ҷорӣ 46 ҳазору 342 ҷои нави корӣ таъсис ёфтаст, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 36 фоиз зиёд мебошад. Тайи чор моҳи аввали соли гузашта дар кишвар 34 ҳазору 141 ҷои корӣ ташкил шудааст. Ҷиҳати таъмини мардум бо ҷои кор президенти Тоҷикистон супориш дод, ки дар кишвар 250 ҳазор ҷои нави корӣ таъсис ёбад.
Мӯҳр