Дар шаҳри Теҳрони ҷаласаи нӯҳуми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Эрон оид ба ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ, техникӣ ва фарҳангӣ баргузор шуд.
Тавре аз Вазорати энергетика ва саноат ба хабаргузории Озодагон иттилоъ доданд, дар ин ҳамоиш масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба, вазъи кунунии рушди муносибатҳои ду кишвари ба ҳам дӯсту бародар дар соҳаҳои гуногун, мунтазам густариш ёфтани муносибатҳои иқтисодӣ, ба роҳ мондани самтҳои афзалиятноки ҳамкориҳо миёни Теҳрону Душанбе дар бахшҳои гуногун матраҳ гардид. «Дар ҷаласаи нӯҳуми Комиссия самтҳои гуногуни ҳамкорӣ, аз ҷумла тиҷоратию иқтисодӣ, энергетика ва саноат, ҳамлу нақл, тандурустӣ, молия, маориф, фарҳанг, илм, таҳқиқот ва технология мавриди баррасии ҷонибҳо қарор гирифт»,-афзуд манбаъ.
Сарчашмаи хабар мегӯяд, дар ин нишаст Тоҷикистонро Гул Шералӣ, вазири энергетика ва саноат ва ҳайати Эронро Маҷиди Номҷӯ, вазири нерӯи Ҷумҳурии Исломии Эрон роҳбарӣ карданд. Пас аз натиҷагирӣ аз кори гӯруҳҳои корӣ, Протоколи ҷаласаи нӯҳуми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Эрон оид ба ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ, техникӣ ва фарҳангӣ дар ҳузури намояндагони ҳар ду ҷониб ба имзо расид.
Мӯҳр