Бахшҳо

Мизи мудаввар вобаста ба ислоҳоти бахши соҳибкорӣ

Лоиҳаи шарҳи ибтидоии қонунҳои Тоҷикистон «Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ» ва «Дар бораи санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ» мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Тавре ба Озодагон аз Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ хабар доданд, дар толори маҷлисгоҳи калони кумита мизи мудаввар оид ба муҳокимаи лоиҳаи мазкур баргузор гардид.
Дар ин чорабини намояндагон  аз Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва  зиёда аз 70 нафар доираи соҳибкорон, аз қабили роҳбарон ва намояндагони ширкатҳои ватанӣ ва асотсиатсияҳои соҳибкорони ҷумҳурӣ, инчунин намояндагони мақомоти давлатии санҷишӣ ҳузур доштанд.
Гуфта шуд, ки ислоҳоти мазкур дар асоси дастуру супоришҳои президенти Тоҷикистон, ки дар паёми худ дар соли 2012 баён намуд, инчунин аз доираи дигар барномаҳои рушди иқтисодиёт ва стратегияҳои ҷумҳурӣ бо дар назардошти таъмини сиёсати дастгирии давлатии соҳибкорӣ ва пешбурди фаъолияти он дар мамлакат бар меоянд.
Дар чорабиниҳо аз ҷониби як қатор намояндагони бахши хусусӣ ва бевосита мақомотҳои давлатии даъватшуда оид ба лоиҳаҳои мазкур таклифу эродҳои дахлдор манзур гардида, дар назар аст, ки ҳамаи ин пешниҳодҳо аз ҷониби гурӯҳҳои кории байни идоравӣ оид ба таҳияи санадҳои мазкур мавриди баррасӣ қарор мегирад ва бо дар назардошти таъмини ҳуқуқҳои ҳамаи ҷонибҳои манфиатдор, ба инобат гирифта мешаванд.

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Обхезӣ ва шаҳрдорӣ17:44Оғоз15:39Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33
ТАҚВИМ
«    Октябр 2026    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 
БОЙГОНӢ
Май 2026 (2)
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)