Кормандони ҳифзи ҳуқуқи пойтахт аснои баргузории як амалиёт ду шаҳрванди Фаронсаро бо ҷурми лату кӯби милисаҳо дастгир кардаанд.
Тавре ба Озодагон аз ВКД хабар доданд, рӯзи 4-уми июни соли равон соати 23:00 дар назди театри «Опера ва Балет»-и ба номи Садриддин Айнӣ шаҳрвандони Фаронса- хонум Малки Маликаи 41 сола, аташеи Иттиҳоди Комиссияи Аврупо ва Ҷалоли 42 сола, дар ҳолати мастӣ ва бидуни ягон ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият аз ҳиссиёти авбошӣ тартиботи ҷамъиятиро вайрон намуда, бо кормандони мақомоти корҳои дохилӣ- лейтенанти милиса Гулмурод Файзови 30 сола, корманди Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон ва ҷавонони ШВКД дар ноҳияи Шоҳмансур, Далер Шододови 32 сола, майори милиса, нозири минтақавии ШВКД дар ноҳияи Шоҳмансур ва Рамазон Қурбонови 32 сола, майори милиса, нозири иҷозатдиҳии ШВКД дар ноҳияи Шоҳмансур дарафтода, онҳоро лату кӯб намудаанд.
Дар натиҷа кормандони милиса ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштаанд. Феълан нисбати ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз гардада, ин қазия мавриди тафтиш қарор дорад.
Мӯҳр