19-уми июн дар Душанбе ҳамойиши илмӣ-назариявӣ дар мавзӯи «Салоҳияти ҷадиди ҳирфавӣ барои муаллимони забон ва адабиёти рус дар ҳудуди ИДМ» оғоз гардид.
Тавре аз вазорати маориф ба хабаргузории Озодагон иттилоъ доданд, семинари мазкурро Ирина Каримова, академики таҳсилоти ҳамагонӣ ҳусни ифтитоҳ бахшида, ба ҳозирин ҳайъати намояндагии Федератсияи Русия: докторони илмҳои педагогӣ Татяна Балихина, Александр Гартсов, номзадони илмҳои филологӣ Виктория Куриленко, Иван Пугачев ва Михаил Рибаковро шинос кард.
Бино ба иттилои манбаъ, дар ҷамъомад омӯзгорони забони русии пойтахт дар мавзӯҳои «Мактабҳои фосилавӣ барои омӯзиши забони русӣ», «Дастури видеоӣ аз анъанаи зиндагии миллати рус», «Бозиҳои компютерӣ- воситаи омӯзиши забони русӣ», «Китоби таълимии электронӣ», «Забони русӣ дар ҷодаи тиҷорат»: мушкилоти веб-дизайни педагогӣ» маърӯзаҳо хоҳанд шунид, ки бо слайдҳо раҳнамоӣ мешаванд.
Семинари мазкур дар доираи Барномаи мақсадноки «Забони русӣ» барои солҳои 2011-2015 бо ибтикори Вазорати маорифи Тоҷикистон, Донишгоҳи дӯстии халқҳои Русия ва Агентии федералии ИДМ (Россотрудничество) созмон дода шудааст, ки се рӯз идома хоҳад ёфт.
Мӯҳр