Бахшҳо

Ҳалокати ду нафар бар асари садамаҳои нақлиётӣ. Дар Ҳисору Бадахшон

Тавре аз маркази матбуоти РБДА ба хабаргузории Озодагон иттилоъ доданд, рӯзи гузашта, 21-уми июни соли равон тахминан соати 11:30, ронандаи автомашинаи тамғаи Daewoo Cielo (Дэу сиело) Асомиддин Тошеви 36 сола аснои ҳаракат аз самти шаҳри Душанбе ба ҷониби ноҳияи Ҳисор дар километри 7-уми роҳ Душанбе-Айнӣ-Ҳисор, дар ҳудуди деҳаи Турдибобои ноҳияи Ҳисор аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт намбаромада онро чаппа мекунад.

Дар натиҷа, мусофири он, Шахсида Баҳромоваи 42 сола ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ гирифта ҳангоми ба каслхона интиқол ёфтанаш дар роҳ ба ҳалокат мерасад.
Худи ҳамон рӯз тахминан соати 19:10 ронандаи  нақлиёти тамғаи TOYOTA PRADO (Тойота Прадо) Одинамад Мирмамадови 23- сола ҳангоми ҳаракат аз ҷониби деҳаи Навободи ноҳияи Шуғнон ба самти шаҳри Хоруғ дар километри 16-уми роҳ, воситаи нақлиётро идора карда натавониста, онро ба канори чапи роҳ чаппа мекунад. Дар натиҷа, мусофири он Мавлуда Зайдуллоеваи 21 сола сахт захм бардошта дар бемористон ба ҳалокат расидааст.
Сарчашмаи хабар илова намуд, ки рӯзи гузашта дар роҳҳои автомобилгарди ҷумҳурӣ се сониҳаи нақлиёти ба қайд гирифта шудааст, ки бар асари он 2 нафар ба ҳалокат расида, 1 тани дигар ҷароҳат гирифтааст.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Обхезӣ ва шаҳрдорӣ17:44Оғоз15:39Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33
ТАҚВИМ
«    Октябр 2026    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 
БОЙГОНӢ
Май 2026 (2)
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)