Дар ноҳияи дурдасти кӯҳистони Муъминобод бо дастгирӣ ва маблағгузории Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ як бинои нави маъмурӣ барои сохторҳои ин вазорат сохта ва ба истифода дода шуд.
Тибқи иттилои расида, маблағи умумии сохтмони бино беш аз се миллион сомониро ташкил медиҳад. Қабати аввал ва дуюми бино барои кормандони соҳавӣ ҷудо шудааст, дар ошёнаи сеюм меҳмонхона фаъолият хоҳад кард. Воқеан, то ин муддат дар ҳамаи ноҳия меҳмонхонае амал намекард.
Ҳамчунин, ин ҷо омӯзиши курси компютерӣ ва дӯзандагӣ низ ба роҳ монда шуд. Дар давраҳои дӯзандагӣ аллакай 20 ҷавондухтар дарси касб омӯхтан доранд.
Дар ифтитоҳи бинои нав, Маҳмадамин Маҳмадаминов, вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон ширкат намуда, зимни суханронӣ аз ҷумла қайд кард, ки 20 мошинаи дарздӯзӣ барои аввалин сабақгирандагони ин курс баъди анҷоми омӯзиш ҳамчун тӯҳфаи вазорат тақдим карда шавад. «Бигзор ин 20 чевардухтарони аввал дар маҳалли худ бо истифода аз мошинҳои тӯҳфашуда, ба дигарон касби дӯзандагӣ омӯзанд»,- гуфт вазир.
Ҳамзамон, ҷаноби Маҳмадаминов супориш дод, то аз ҳисоби вазорат ба сабақгирони курсҳои компютерӣ 4 компютер тақдим шавад.
Мӯҳр