Қасри маданияти Арбоби ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҳанӯз дар замони шӯравӣ ҳамчун намунаи нодири меъморӣ ва санъати бинокорӣ маъруф буд.
Дар ҳукумати вилояти Суғд ба хабарнигори маҳаллии Озодагон иттилоъ доданд, ки як сол қабл аз ин дар ин макони таърихӣ корхои таъмир ва азнавбарқароркунӣ ба муносибати 20-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ, ки моҳи ноябри соли 1992 дар ҳамин бино баргузор гашта буд, оғоз гардида буд. Дар ҳамин ҳол, Қоҳир Расулзода бо мақсади шиносоӣ аз рафти корхои таъмиру тармим ва ободонии ин кох ба ин мавзеъ ташриф овард. Раиси вилоят қабл аз ҳама ба раванди ободонии саҳни иншооти таърихӣ, аз ҷумла бунёди фаввора мароқ зоҳир кард.
Маврид ба тазаккур аст, ки Қасри Арбоб ба кохи маъруфи Петергофи шаҳри Санкт- Петербурги Русия монандӣ дорад ва маҳз пас аз дидани он Саидхоҷа Ӯрунхӯҷаев ба бунёди қаср тасмим гирифта буд.
Қасри Арбоб соли 1951 бо роҳбарии раиси ҳамонвақтаи хоҷагӣ Саидхоҷа Ӯрунхӯҷаев оғоз ва давоми шаш сол бо заҳмати меҳнаткашони хоҷагӣ ва устоҳои деҳаҳои гирду атроф бунёд гардида, соли 1957 ба истифода дода шудааст. Ин қасри бошукӯҳ давоми 55 сол бе таъмири капиталӣ барои мардум хизмат намудааст.
Интизор меравад, ки таъмири пурраи Қасри Арбоб тирамоҳи имсол дар пешорӯи ҷашни 20-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии ҶТ ба анҷом расад.
Мӯҳр