Бахшҳо

Се нафар ҳангоми оббозӣ дар дарёи Сир ғарқ шуданд

Ҳомидҷон Турсунбоеви 18 сола, сокини ноҳияи Ҷаббор Расулов ҳангоми оббозӣ дар дарёи Сир ғарќ шуд ва ба ҳалокат расид.

Тавре Ориф Нозимов, сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи гражданӣ бахабаргузории Озодагон иттилоъ дод, рӯзи гузашта, 5-уми июл, соати 14:30 дар дарёи Сир, наздики комплекси савдои «Хуҷанд» аснои оббозӣ 3 нафар шаҳрванди ноҳияи Ҷаббор Расулов ба ҳолати ғарқшавӣ дучор шуданд. Дар натиҷа 2 нафари ғарқшудагон, Бобоҷон Холиқови 15 сола ва Умедҷон  Турсунови 18 сола, сокинони ноҳияи Ҷаббор Расулов аз тарафи наҷотдиҳандагони шаҳри Хуҷанд наҷот ёфта, 1-нафари дигар, Ҳомидҷон Турсунбоеви 18 сола ба ҳалокат расид. Ҷасади ҳалокшуда аз тарафи наҷотдиҳандагон аз об бароварда ба мақомотҳои дахлдор супорида шудааст.
Ориф Нозимов илова намуд, ки худи ҳамон рӯз, соати 13:10 сокини шаҳри Хоруғ  Шоин Қосимови 5 сола ҳангоми оббозӣ дар кӯли Чорбоғи шаҳри Хоруғ ғарқ шуда, аз тарафи наҷотдиҳандагони ситод оид ба ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании вилоят наҷот дода шуд.                 



Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)