Рузи шанбеи 7-уми июл бозии футбол байни тимҳои «Равшан»-и Кӯлоб ва «Энергетик»-и Душанбе барои дарёфти Ҷоми Тоҷикистон дар варзишгоҳи шаҳри Кӯлоб доир гардид.
Тибқи иттилои хабарнигори маҳаллии Озодагон вохӯрӣ бо ҳисоби 2:1 ба нафъи меҳмонон анҷом ёфт. Гуфта мешавад, дидори навбатии ин дут им рӯзи 14-уми июл дар Душанбе баргузор мешавад.
Дар ҳамин руз, тӯҳфаи ваъдагии президент Эмомалӣ Раҳмон барои тими Равшан, расид. Маликшоҳ Неъматов, раиси кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии кишвар тӯҳфаи президент-автобуси нави тамғаи хориҷиро, пеш аз оғози мусобиқаи футбол ба дастаи «Равшан супорид».
Неъматов гуфт, презиенти кишвар ба соҳаи варзиш дар шаҳри Кӯлоб назари махсус дошта, барои рушди он ҳамаҷониби дастгирй хохад намуд. Гуфта мешавад, дар Кулоб хам ба варзиш аҳамияти хоса дода мешавад. Дар холи хозир, дар ҳудуди шаҳр 2 ҳавзи шиноварӣ, якчанд комплексҳои варзишӣ фаъолият доранд, ки садҳо тан аз ҷавонон дар ин толорҳо машқ мекунан.
Мӯҳр