Ду рӯз боз мусофирони хатсайри Маскав-Душанбе барои гирифтани бағочи худ назди бинои марказии фурудгоҳи Душанбе ҷамъ меоянд, аммо бағочи онҳо то ҳоло дар Маскав қарор доранд.
Тавре Муҳаммадюсуф Шодиев, сухангӯи ФБМД «Душанбе» ба хабаргузории Озодагон иттилоъ дод, парвози самти Маскав-Душанберо ширкати «ЮТ Эйр»-и Русия анҷом додааст.
Зимнан, намояндаи кулли ширкати Ют Эйр Ҳусейн Усмонов мегӯяд, борҷои ду ҳавопаймои Боинг-737, ки дар хатсайри мазкур парвозҳоро анҷом медиҳанд вайрон буда, натавонистаанд бағоҷи мусофиронро якҷоя бо худи мусофирон интиқол диҳанд. Ба замми ин номбурда наметавонад, бо роҳбарияти ширкаташон забон ёбад ва бори мусофирони рейсҳои ¹801 ва ¹803, ки шаби 12.07.2012 парвозҳоро анҷом дода буданду адади умуми мусофироне, ки бағочи худро нагирифтаанд, аз 200 нафар зиёданд ба Душанбе интиқол диҳанд.
Гуфта мешавад, дар аввал аксари мусофирон айбро дар фурудгоҳи Душанбе дониста, дастрас кардани бағочро аз фурудгоҳи Душанбе талаб мекарданд.
Мӯҳр