Ёдрас менамоем, додгоҳи ноҳияи Ашти вилояти Суғд баррасии парвандаи ҷиноиро алайҳи рӯзноманигори минтақавии ҳафтаномаи «Нури зиндагӣ» Муҳаммадюсуф Исмоилов дар аввали моҳи равон оғоз карда буд. Ҷумъаи Мирзо, сардабири ин ҳафтанома мегӯяд, сабаби ифтитоҳи парвандаи ҷинои алайҳи ҷаноби Исмоилов ба фаъолияти касбии ӯ рабт дорад, зеро хабарнигор матлабҳои интиқодиеро аз вилояти Суғд омода ва нашр мекард. Бояд гуфт, Муҳаммадюсуф Исмоилов ба таҳқиру тавҳин ва барангехтани низоъи миллию мазҳабӣ дар ноҳияи Ашт муттаҳам шудааст. Номбурда ҳанӯз моҳи ноябри соли 2010 боздошт гардида, то ин замон дар боздоштгоҳи муваққатии вилояти Суғд ба сар мебурд.
Мӯҳр« Март 2023 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | ||
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 |