Зимни санҷиши кормандони меҳнат оид ба нафақа ошкор гардид, ки бештари кормандони давлатӣ барои гирифтани нафақаи калон худро маюб мегузаронанд. Ин матлабро Маҳмадамин Маҳмадаминов, вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтмоии аҳолии Тоҷикистон дар сӯҳбате ба хабарнигорон иброз дошт.
Ба қавли вазир бо ин васила онҳо то 12 ҳазор сомонӣ нафақа мегиранд, аммо афроде, ки воқеан маъюб буда ба маблағ ниёз доранд, ҳатто 800 сомонӣ намегиранд. Ҷаноби Маҳмадаминов афзуд, феълан ҳукумат тасмим гирифтааст, ки барои шаффофият дар ин самт ҳамаи онҳое, ки дар феҳрасти маъюбонанд аз нав санҷида шаванд.
«Аз нав гузаронидани санҷиш ба фоидаи маъюбон ҳам мебошад, чунки маълум мешавад, ки вазъи сиҳатии онҳо дар кадом сатҳ аст. Ба ғайр аз ин он нафароне, ки худро маъюб гузарондаанд ва ғайриқонунӣ то имрӯз аз ин ҳисоб маблағи калон гирифтаанд, ҳамаи маблағҳои гирифтаашон баргардонида мешавад. Ин маблағҳо ба он нафароне дода мешавад, ки дар ҳақиқат маъюбанд ва ба пул ниёз доранд», -илова кард номбурда.
Вазир ҳамчунин қайд кард, ки тибқи нақшаи ҳукумати Тоҷикистон аз 1-уми сентябр ҳадди аққали нафақа ва музди меҳнат афзоиш меёбад.
Мӯҳр