Бахшҳо

«Тоҷикстандарт» то соли 2020 аз байн меравад

Дар доираи Стратегияи миллии рушди инфрасохтори сифат дар Тоҷикистон ва талаботи СҶТ на танҳо ҳазорҳо стандартҳои ҳатмии давлатӣ бекор мегарданд, балки худи  «Тоҷикстандарт» ҳам аз байн меравад.

Ин нукта зимни нишасти матбуотии Агентии «Тоҷикстандарт» баён гардид. Гуфта шуд, ки бо эҳтимоли зиёд «Тоҷикстандарт»-ро «Мақоми танзими техникӣ» иваз менамояд, ки дар навбати худ аз сохторҳои алоҳида иборат хоҳад буд.
Бахтиёр Шукуров, раиси Агентии «Тоҷикстандарт» мегӯяд таҷдиди сохтори агентӣ  бояд то соли 2020-ум пурра анҷом ёбад. Қаблан, замони оғози таҷдиди сохтори «Тоҷикстандарт»-ро масъулин соли 2013-ум мегуфтанд. Аммо ҷаноби Шукуров афзуд, ки дар буҷаи соли оянда барои таҷдиди сохтори «Тоҷикстандарт» маблағ пешбинӣ нашудаст:
«Бе маблағ аз буҷет ё манбаи дигари сармоягузорӣ мо дар самти таҷдиди сохтори агентӣ коре карда наметавонем».
Шукуров таъкид намуд, ки «Тоҷикстандарт» дар шакли мавҷудааш ҳам вазифаҳои дар ӯҳдааш гузоштаро то андозае ҳал карда истодааст. Раиси «Тоҷикстандарт» иттилоъ дод, ки бо мақсади нигоҳдории бозори истеъмолӣ аз воридшавии маҳсулоти барои ҳаёт ва саломатии шаҳрвандон зараровар аз ҷониби нозирони назорати давлатӣ дар нимсолаи аввал 2770 санҷиши субъектҳои хоҷагидор гузаронда шуда, аз ин шумора дар 601 ҳолат камбудиҳо ошкор гардидаанд. Дар ин давра ҷиҳати ҷорӣ намудани қоидаҳои савдо дар 3 ҳазору 158 корхонаву ташкилоти савдо ва бозорҳо санҷиш гузаронда шуда, дар як ҳазору 115 ҳолат амрияи ислоҳи камбудиҳо ва дар 578 ҳолат амрияи манъи фурӯш тасвиб шудааст.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)