Бахшҳо

Дар Кӯлоб корманди милисаро ярадор карданд

Ду тан аз сокинони 20 солаи шаҳри Кӯлоб як корманди милисаро лату кӯб намуда, ӯро бо корд захмӣ карданд.

Ба гуфтаи Идимад Одинаев, муфаттиши калони прокуратураи шаҳр, зӯҳри рӯзи 11-уми июл дар маркази савдои Гулҷаҳон, Ғолибҷон Азимови 20-сола, сокини маҳаллаи Шоҳин бо Мустафо Холиқов, корманди шӯъбаи корҳои дохилии шаҳр дар муноқиша даромада, баъдан Ғолибҷон корманди милисаро зери лату кӯб мегирад. Дар ин ҳангом шарики ӯ, Умед Исмоилов, сокини кӯчаи ба номи Куйбишев, бо таҳқиру ҳақорат ба милиса дарафтода, ду захми кордӣ ба шонаи чапи Холиқов мезанад. Пас аз захмдор кардани милиса онҳо аз маркази савдо бадар рафта, барои гурехтан аз ҷои ҳодиса, ғайриқонунӣ як нақлиёти дар сари роҳ мондашударо дуздида, фирор мекунанд.
Оид ба ин ҳодиса аввал дар ШКД нисбати ҳар ду бо моддаи 252, қисми 3 (ғайриқонунӣ ронда, бурдани автомобил бидуни мақсади тасарруфӣ) парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, ба прокуратураи шаҳрӣ интиқол дода мешавад. Баъдан, аз болои эшон дар прокуратура тибқи моддаи 237, қисми 3 (авбошӣ) парвандаи ҷиноятӣ оғоз гашта, тафтишоти пешакӣ идома меёбад.
Бино ба иттилои Идибек Одинаев, дар ҳоли ҳозир як гумонбаршуда боздошт гаштаву дар маҳбас будааст. Нафари дуввум, Умед Исмоилов ҳанӯз дар ҷустуҷӯ қарор дорад.
Тибқи хабари ғайрирасмӣ ин дуввумин ҳолат дар 6-моҳи имсол мавриди лату кӯб қарор ёфтани кормандони милиса дар шаҳри Кӯлоб будааст. Аммо дар прокуратура дар мавриди ҳолати аввала хабар надоштаанд. «Инчунин ҳолат дар прокуратура ба қайд гирифта нашудааст ва низ парвандаи чиноятӣ ба роҳ монда нашудааст», гуфт муовини прокурори шаҳр Озар Исоев.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Обхезӣ ва шаҳрдорӣ17:44Оғоз15:39Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33
ТАҚВИМ
«    Октябр 2026    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 
БОЙГОНӢ
Май 2026 (2)
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)