Бахшҳо
08 июн 2011 07:02Хабарҳои минтақа

Президент аз дини ислом пуштибонӣ мекунад

Президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев хостори муттаҳидии кишварҳои мусулмонӣ ва ҳимоят аз дини Ислом шудааст.

Ӯ дар Анҷумани байнулмиллалии иқтисоди исломӣ, ки дар Остона пойтахти Қазоқистон доир гашт,  гуфтааст, чанд вақти ахир дар дунё назарҳои воҳимабарангезе пайдо шудаанд, ки аз Ислом ҳамчун хавфе ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ном бурда мешавад.

Ӯ зимни ин изҳороти худ ба кишварҳои исломӣ муроҷиат кардааст, то дастаҷамъона барои боло бурдани нуфузу манзалати Ислом кӯшиш намоянд. «Мо бо амалҳои муштараки худ бояд дини сулҳпарвару созанда, адолатпарвару таҳаммулпазир будани  Исломро муаррифӣ ва тарғиб намоем»

Райисҷумҳури Қазоқистон пешниҳоди таҳияи лоиҳаҳои муштараки кишварҳои исломиро карда, гуфтааст ин лоиҳаҳо барои муқобилият ба бадгӯиҳо нисбат ба ин таълимоти бузург дар сатҳи ҷаҳонӣ ва минтақавӣ метавонад хидмат намоянд.

Бино ба андешаи Нурсултон Назарбоев, аз сӯи аксари ВАО-и байналхалқӣ Ислом ҳамчун дини ба амнияти миллӣ ва арзишҳои диниву фарҳангӣ таҳдидгар муаррифӣ гардида, аз он ҳамчун дини ба экстримизму терроризм бартариятдиҳанда ном бурда мешавад. Дигар набояд ин андешаро хомӯшона таҳаммул кард, - хулоса кардааст Нурсултон Назарбоев.

Гуфтанист, президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон борҳо аз минбарҳои созмонҳои ҷаҳонӣ оиди исломситезии ҷомеаи ҷаҳонӣ ва  ВАО-и байналхалқӣ сухан карда, аз он пуштибон шуда буд ва аммо дар дохили кишвар бархе аз мақомоти Тоҷикистон бо қабули чанд санади ҳуқуқиву қонунӣ ва тасмимҳои охири худ, аз қабили бозгардонидани донишҷӯён аз мадориси исломӣ, манъи ҳиҷоб барои донишҷӯён ва манъи рафтани наврасон ба масоҷид нақши  Исломро дар миёни аҳолӣ кӯшиши  коста кардан доранд.

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Обхезӣ ва шаҳрдорӣ17:44Оғоз15:39Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33
ТАҚВИМ
«    Октябр 2026    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 
БОЙГОНӢ
Май 2026 (2)
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)