Зимнан, райиси вилоят гуфт, ин дар ҳолест, ки давоми 3 соли охир бӯҳрони молиявии ҷаҳонӣ ҳамаи паҳлуҳои ҳаёти ҷамъиятӣ ва бахшҳои иқтисодиёту иҷтимоиётро фаро гирифтааст. Барои таъмини рушди соҳаи тандурустӣ ва беҳтар намудани шароити табобат дар муассисаҳои тиббӣ солҳои охир сохтмони иншоотҳои муҳими соҳа, аз ҷумла бинои нави табобатии Маркази дилшиносии вилоят дорои 102 кат, шўъбаи бемориҳои хуни беморхонаи клиникии вилоятии бачагона, шўъбаи якуми Маркази эндокринологии вилоят, хонаҳои саломатӣ дар ноҳияҳои Мастчоҳ ва Зафаробод, шўъбаҳои бачагон, таваллуд ва амрози занонаи беморхонаи марказии ноҳияи Шаҳристон, бинои нав дар Маркази вилоятии солигардонии дилу шараён ба итмом расонида шуд.Дар маҷмӯъ давоми 5 соли охир дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 15 шӯъбаҳои беморхона, 114 марказу хонаҳои саломатӣ бунёд ёфта, дар 192 муассисаҳои табобатию профилактикӣ таъмири кулл ва ҷорӣ гузаронида шуданд. Расулзода афзуд, фаъолият дар самти таъминот бо доруворӣ ва сатҳи хизматрасонии мошини “ёрии таъҷилӣ” беҳбудӣ металабад.
Дар ҷараёни мулоқот ба Раиси вилоят 17 нафар намояндагони соҳа, аз ҷумла Саидшо Акрамов – табиб аз ноҳияи Мастчоҳ, Бахтиёр Аҳмедов – профессор, саратоншинос аз шаҳри Хуҷанд, Фазлиддин Шарифов – сардухтури беморхонаи клиникии вилоятӣ, Абдураззоқ Азизов – сардухтури беморхонаи марказии ноҳияи Айнӣ, Муҳаммадҷон Нозиров – табиби осебшинос аз ноҳияи Спитамен ва дигарон бо арзу дархост ва таклифу пешниҳодашон муроҷиат намуданд.Бо супориши раиси вилоят гурӯҳи омӯзишӣ таъсис ёфта, дар фурсати кӯтоҳ масоили баррасишуда мавриди омӯзиш ва таҳлил қарор дода мешавад.
Мӯҳр« Апрел 2025 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 |