Бар асари як садамаи нақлиётӣ дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ ронандаи худрав ба ҳалокат расида, 3 мусофири дигар ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштааст.
Тавре ба Озодагон аз Вазорати корҳои дохилӣ хабар доданд, ронандаи автомашинаи тамғаи «Муссо» Қаҳрамон Шарипови 41сола, сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Нофароҷ аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба самти муқобили роҳ мебарояд ва ба сабукрави «Дулан» таҳти идораи ронанда Нуралӣ Мусоеви 31 сола, сокини деҳаи Қалъачаи калони ноҳияи Истаравшан бармехӯрад. Дар натиҷа ронандаи автомашинаи «Муссо» дар ҷойи ҳодиса фавтида, мусофирони он- Собир Шарипови 65 сола, Абдураҳмон Шарипови 10 сола ва Сановбар Эргашеваи 24 сола, ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта ба беморхона мунтақил мешаванд.
Мӯҳр