Як гурӯҳ аз зодагони ВАБК, ки алъон дар Душанбе ва дигар манотиқ ба сар мебаранд, аз ҳодисаи Хоруғ дар ташвишанд.
Онҳо зимни ироаи як нома ба сардори Хадамоти алоқа навиштаанд, ки мо ки дар пойтахти Тоҷикистон ва хориҷи кишвар иқомат дорем, тӯли 34 соат (аз рӯзи 24-уми июл) натавонистаем бо наздикони хеш дар тамос шавем: «Бо сабабҳои номаълум алоқа аз соати 4 субҳи рӯзи 24 июл, тахминан бо шурӯъ шудани амалиётҳои низомӣ дар Хоруғ барканда шуд. Мо ҳама аз ҳаводиси шаҳри Хоруғ нигаронем ва ду шабонарӯз аст, ки хабаре надорем».
Боиси ёдоварист, ки субҳи имрӯз ВАО иттилоъ дод, ки амалиётҳои ҷангӣ пурра қатъ карда мешаванд, аммо алоқа то ҳанӯз бо Хоруғ барқарор нашудааст. Манбаҳои ғайрирасмӣ хабарҳои мудҳишеро дар бораи теъдоди куштагони мардуми бесилоҳ паҳн мекунанд.
Бинобарин, мо 567 нафар зодагони Бадахшон аз Шумо, Бег Зуҳуров хоҳиш мекунем, харчӣ зудтар барои барқарор шудани алоқа бо ВМКБ мусоида кунед, то пеши роҳи ҳар гуна ноогаҳӣ ва фитнаангезӣ гирифта шавад.
Мӯҳр