Суханронии вазири умури дохилӣ аз тариқи телевизиони маҳаллӣ дар шаҳри Хоруғ аз сӯи сокинон ҳамчун поёни амалиёти низомӣ пазируфта шудааст.
Тибқи иттилои расида, мардум бовар доранд, ки акнун қазия ба дасти мақомоти корҳои дохила супурда шуда ва дар чорчӯби қонун ҳалли худро меёбад..
Рамазон Раҳимов, вазири умури дохила аснои баромадаш гуфтааст, онҳое ки то рӯзи амалиёти низомӣ ҷинояте содир накардаанд ва ихтиёран силоҳи худро месупоранд, аз ҳар гуна ҷавобгарӣ озод хоҳанд буд. Бино ба иттилои хабарнигори радиои «Озодӣ», Хоруғ нахустин шаби бетирпарониро пас аз оғози амалиёти шаби 24-уми июл паси сар кард: «Имрӯз шанбеи 28-уми июл вазъ дар шаҳр ором аст. Мардум ба кори рӯзмарра машғул ҳастанд, аммо ҳанӯз аз эҳтимоли рӯх додани ҳар гуна дасиса нигарон мебошанд»
Гуфта мешавад, дар масъалаи рафтуомади нақлиёт маҳдудият ба назар намерасад, ҳамчунин савдогарон дар бозорҳо ба фурӯш машғул ҳастанд.
Маврид ба ёдоварист, пас аз қатли генерал Абдулло Назаров, сардори раёсати КДАМ дар Бадахшон дар рӯзи 21 июл, мақомоти қудартии кишвар рӯзи 24-уми амалиёти вижаеро алайҳи гурӯҳҳои мусаллаҳ шурӯъ карданд, ки дар натиҷаи он 42 нафар, аз ҷумла, 30 узви гурӯҳҳои мусаллаҳ ва 12 нафар аз маъмурони амниятӣ кушта шуданд ва 23 тани дигарашон захм бардоштанд. Ба гуфтаи мақомот ҳамчунин 40 нафар аз аъзои гурӯҳҳои мусаллаҳ, аз ҷумла 8 шаҳрванди Афғонистон боздошт шудаанд.
Мӯҳр