Бахшҳо

Мағлубияти пайдарпайи варзишгарони тоҷик дар «London-2012»

Ҷаҳон Қурбонов, муштзани тоҷик дар нахустин дидор бо рақиби пурқуввати худ дар Олимпиадаи Лондон шикаст хӯрд.

Муродалӣ Тешаев, сухангӯи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон аз макони баргузории мусобиқот ба хабаргузории Озодагон иттилоъ дода афзуд, ки боксчии тоҷик Ҷаҳон Қурбонов дар вазни то 81 кило дар даври 1/16 ниҳоӣ бо Яҳё Элмекачарӣ азТунис мағлуб шуд ва аз идомаи муборизаҳо маҳрум гардид.
Ҳамчунин Расул Боқиев, ки дар ду даври аввали сабқат рақибони худро шикаст дод,  дар қисмати  ¼ ниҳоӣ натавонист ба  Рики Накаяи ҷопонӣ дастболо шавад. Ин қувваозмоӣ бо пирӯзии паҳлавони ҷопонӣ анҷом ёфт.
Гуфта мешавад, Расул Боқиев дар ҷараёни сабқат ду огоҳӣ гирифт аз ин рӯ ба рақибаш имтиёз (юко) дода шуд. Ҳамин тавр, Рики Накая ба даври баъдӣ роҳ ёфт. Расул Боқиев, ки барои нишони биринҷӣ муборизаро идома медод, муваффақ нашуд. Дар ин сабқат рақиби ӯ -Уго Легранди фаронсавӣ буд, ки Расул дар ин сабқат низ ду огоҳӣ гирифт ва ба рақибаш имтиёз (юко) дода шуд. Бо ин шева Расул Боқив аз идомаи қувваозмоӣ барои нишони биринҷӣ низ бенасиб гашт.
Ёдрас менамоем, ки рӯзи аввали мусобиқот, ду варзишгари тоҷик, тирандоз Сергей Бабиков ва муштзан Собирҷон Назаров қувваозмоӣ карданд. Сергей Бабиков дар сабқати интихобӣ дар тирандозӣ аз туфангчаи пневматикӣ ба масофаи 10 метр ба даври ниҳоӣ роҳ ёфт ва бо 562 имтиёз мақоми 44-умро соҳибӣ кард. Дар сабқати бокс бошад, дар даври 1/16 ниҳоӣ   Собирҷон Назаров дар вазни то 75 кило аз рақибаш Муҷанҷие Касуто (Намибия) аз рӯи холҳо ё аз рӯи имтиёз бо ҳисоби 8:11 шикаст хӯрд ва аз идомаи мубориза маҳрум шуд.
Ҳамин тавр, дар асоси тақвими чорабиниҳои варзишӣ дар Бозиҳои ХХХ-юми олимпии Лондон-2012, рӯзи 1-уми август ду варзишгари дигари тоҷик Парвиз Собиров, дар риштаи дзюдо дар вазни -91 кило ва Катерина Измайлова,аз рӯи намуди шиноварӣ ҳунарнамоӣ хоҳанд кард.

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)