Аснои баргузории як амалиёти вижа аз сӯи корман6дони милиса бонуи 31-сола дар шаҳри Истаравшан боздошт гардид.
Тавре ба хабарнигори маҳаллии Озодагон дар РВКД-и вилояти Суғд иттилоъ доданд, аснои кофтукови шахсӣ аз сумкачаи занонаи дар дасти ӯ буда, як баста бо маводи хокамонанди сафедчатоб дарёфт ва мусодира карда шудааст.Мувофиқи маълумоти мақомоти марбута маводи мазкур навъи ҳероин буда, вазни хосаш 710 грамро ташкил медиҳад.
Оиди ин ҳодиса нисбати боздоштшуда парвандаи ҷиноӣ бо моддаи 200 қисми 3 ( муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ, ё прекурсорҳо бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додан)-и КҶ ҶТ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
Мӯҳр