Зафар Сангинови 32 сола, сокини кӯчаи Камолаи пойтахт, ки Асадулло ном истиқоматкунандаи ноҳияи Фирдавсиро бо корд маҷрӯҳ карда буд, аз сӯи кормандони милиса боздошт гардид.
Тавре ба Озодагон аз ВКД хабар доданд, Зафар Сангинов тахминан соати 23:30 дақиқаи шаби якуми август дар назди мағозаи «1-Дирам», воқеъ дар кӯчаи Неъмат Қаробоев-9-и ноҳияи Фирдавсӣ бо Асадулло Рабиеви 44 сола муноқиша мекунад.
Сангинов бо корд дар бадан ва гардани Асадулло Рабиев якчанд маротиба задааст. Феълан, Рабиев бо ҷароҳатҳои зиёд дар беморхона бистарӣ аст.
Бино ба иттилои манбаъ, Зафар Сангинов қаблан доғи судӣ дошта, бо моддаи 248-и Кодекси ҷинои Тоҷикистон аз озодӣ маҳрум шудааст.
Мӯҳр