Ба гуфтаи коршиносони кумита дар Тоҷикистон асосан 5 омил аст, ки барои рушди истифодаи маъданҳои зеризаминӣ монеъ эҷод мекунад. Монеаи асосӣ пеш аз ҳама дар Тоҷикистон сохтори идораи давлатии истифодабарии боигариҳои зеризаминӣ хеле мураккаб буда, салоҳияти идораи соҳа миёни ниҳодҳои гуногуну зиёди давлатӣ тақсим гардидаст, ки дар натиҷа идораю назорати истифодабарии маъодин хеле коста мебошад. Омили дуюмро номукаммалии қонунгузорӣ ва мавҷуд набудани усулҳои аниқу шафофи дастрасӣ ба маъданҳо номиданд. Заифии ҳимояи сармоя ва қонунгузории андозии зуд – зуд тағйирёбандаро ҳам масъулини кумита, ба қатори мушкилоти асосии ҷалби сармоя ва рушди соҳаи истифодабрии маъодини Тоҷикистон дохил карданд.
Дар баробари омилҳои номбаршуда, камёфт будани мутахассисон, инфрасохтори заиф ва мушкили таъминот бо барқ, боздорандаи истифодаи густурдаи қаҳри замин маҳсуб меёбанд.
Тибқи омӯзиши масъулини кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, сармоягузорони байналмилалӣ зимни маблағгузорӣ, чанд омилро ба назар мегиранд. Аз ҷумла ба пешкаши маълумоти геологӣ, кафолати ҳуқуқ ба моликият, миқдори ҳуҷҷатҳои меъёрӣ, шумораи ниҳодҳои давлатии дар раванди иҷозатномадиҳӣ фаъолбуда, маҳдудияти коркард, содирот ва фурӯши металҳои қимматбаҳо ва ба маҳдудияти истифодаи коргарони маҳаллию хориҷӣ диққат медиҳанд.
Мӯҳр
« Май 2025 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | 4 | |||
5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 |
12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 |
19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 |
26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 |