Боз як маркази тафреҳии кӯдакона дар боғи фарҳангӣ-истироҳатии «Нарӯзгоҳ»-и шаҳри Хуҷанд ба истифода дода шуд.
Тибқи иттилои хабарнигори маҳаллии Озодагон дар расми ифтитоҳи он Қоҳир Расулзода, райиси вилояти Суғд ширкат варзид.Ӯ кулли иштирокчиёнро ба муносибати Иди саиди Фитр муборакбод намуда, ба кӯдакони Хонаи бачагони шаҳри Хуҷанд ва фарзандони оилаҳои камбизоат либоси мактабӣ ва воситаҳои бозӣ тӯҳфа кард, ки аксар истеҳсоли коргоҳҳои ватании ҶДММ «Нику Хуҷанд» ва фабрикаи ҷорӯббофии «Наврӯз» буданд.
Гуфта мешавад, дар марказ беш аз 40 навъи бозиҳои гуногуни шавқовар, ба монанди автодром, лимпопо, тирпарронӣ, волейбол ва ғайра гузошта шуда буданд, ки имкон медиҳанд, ки қобилияти зеҳнии кӯдакон мустаҳкам ва ҳаракати ононро тез намоянд.
Мӯҳр