Пас аз чанд лаҳза дар Душанбе конфронси ҷумҳуриявӣ дар мавзӯъи муҳоҷират ба кори худ шурӯъ мекунад.
Тавре ба Озодагон аз Хадамоти муҳоҷирати кишвар иттилоъ доданд, ин ҳамойиш таҳти унвони “Муҳоҷирати меҳнатӣ ва ВАО” сурат пазируфта, дар он иштироки масъулини ҳукумат, созмонҳои ҷамъиятӣ, мақомоти зирабт ва доираи васеъи хабарнигорон дар назар аст.
Манбаъ ҳамчунин афзуд, нишасти мазкур бо ташаббуси Созмони ҷамъиятии “Перспектива+” ва мусоидати дигар ташкилотҳо баргузор мешавад.Ойниҳол Бобоназарова, роҳбари СҶ “Перспектива+” мегӯяд, ҳадафи аслии ин ҳамойиш таҳлили инъикоси мавзӯъҳои муҳоҷирати кории шаҳрвандон дар ВАО, мусоидат ба вазъи ҳуқуқии онҳо ва ҳамчунин, фароҳам овардани фазои муносиб барои ҳалли мушкилоти ин табақа дар хориҷ аз кишвар мебошад.
Маврид ба ёдоварист, ТҶ “Перспектива+” аз ниҳодҳои қавии ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон аст, ки пайваста масоили марбут ба муҳоҷирати кории шаҳрвандонро пайгирӣ мекунад.
Мӯҳр