Дар ин бора ба Озодагон аз ВКД-и Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Тибқи хабари манбаъ, дар ҳоли ҳозир Валади Гулмуроди 30-сола, сокини вулусволии Тахори Афғонистон ҳамчун гумонбар дар ғайриқонунӣ нигоҳ доштани маводи нашъадор аз ҷониби кормандони мақомоти интизомӣ дастгир карда шудааст. Гуфтанист, амалиёти мазкури кормандони мақомоти интизомӣ дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт сурат гирифта, аснои кофтукоби шахсӣ аз борхалтаи Валади Гулмурод 69 килою 120 грамм маводи нашъадори «ҳашиш» дарёфт ва мусодира карда шуд.
Манбаъ инчунин афзуд, ки дар пайи амалиёти мазкур муайян карда шуд, ки шарики ӯ дар ин кирдор шаҳрванди Тоҷикистон Умедҷон Қаюмови 35 сола, сокини шаҳри Душанбе мебошад.
Мӯҳр