Бахшҳо
09 окт 2012 09:33Хабарҳои ҷаҳон

Ҷанги Амрико дар Афғонистон: 500 миллиард доллар ҳазина ва 3300 кушта

Рӯзи 7-уми октябр баробар бо ёздаҳумин солрӯзи ҳамлаи Амрико ба мавозеи толибон дар Афғонистон аст.

Дар ҳафтуми октябри 2001  ҳавопаймои амрикоӣ дар маъмурияте ба истилоҳ  амалиёти дарозмуддати озодӣ, барои нахустин бор мавозеи толибонро дар Афғонистон бамборон карданд.Ин амалиёт  дар паи муттаҳам шудани  шабакаи Ал-қоида ба раҳбарии Усома Бин Лодан дар ҳаводиси 11 сентябр ва ҳушдори Ҷорҷ Буш, раиси ҷумҳури собиқи Амрико ба толибон дар бораи  ихроҷи аъзои шабакаи Ал-қоида  аз Афғонистон ва худдории толибон аз ин дархост, оғоз шуд.

Ҳадафи аслии ин ҷанг ба истилоҳ мубориза ва аз байн бурдани шабакаи Ал-қоида, толибон ва ҳомиёни он буд, аммо бо гузашти 11 сол аз он замон , то кунун Амрико ва муттаҳидони он натавонистанд, терроризмро дар Афғонистон ва минтақа решакан кунанд.

Телевизиони "Лемар"-и Афғонистон  гузориш дод, ки бар асоси оморҳои мавҷуд, ҷанги Афғонистон  барои Амрико 500 миллиард доллар ҳазина дошта аст. Бар асоси ин гузориш, ҳамчунин ҷанги Афғонистон, 3300 низомии хориҷиро низ ба коми марг кашонда аст. Ин гузориш дар ҳоле мунташир  мешавад, ки Амрико аз ҳадафи аввалияи ҷанги худ дур шуда ва барномаи хурӯҷи неруҳои худ ва ҳампаймононро аз Афғонистон, эълон карда аст.

Қарор аст ин низомиён то соли 2014 аз Афғонистон хориҷ шаванд, аммо гуруҳи толибон, ки яке аз аҳдофи ин низомиён буд, ҳамчунон побарҷост.

Сиёсатмадорони амрикоӣ, ки аз шикасти толибон нотавон шудаанд, ба музокира бо ин гуруҳ руй оварданд, аммо то кунун руйкарди музокира низ муваффақияте дар пай надошта аст.

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)