Абдунабӣ Эгамбердиеви 37 сола, ки дар сӯхтори рӯзи 29-уми сентябри соли равон дар корхонаи нафти Югра 65 дарсади баданаш сӯхта буд, дар яке аз бемористонҳои Маскав даргузашт.
Тавре аз Хадамоти муҳоҷират ба Озодагон иттилоъ доданд, дар ин сӯхтор 5 шаҳрванди Тоҷикикстон ҷони худро аз даст доданд ва 3 тани дигар ҷароҳат бардоштаанд, ки Абдунабӣ аз ҷумлаи ҷароҳатдидагоне буд, ки ахиран фавтид. Гуфта мешавад, ин фалокат дар маҷмӯъ ҷони 11 нафарро гирифт ва ҷасади 4 нафар ҳафтаи гузашта ба Душанбе оварда шуд, вале ҷасади марҳум Абдунабӣ Эгамбердиев ҳоло ба Ватан интиқол наёфтааст.
Манбаъ иттилоъ дод, ки ширкати “Инвест-Ойл” ба хонаводаҳои ҳар кадом аз қурбониён 500 000 рубли русӣ ҷуброн ваъда кардааст.
Мӯҳр