Бахшҳо

Тоҷикистону Австрия баровардани қушунҳои байналмилалиро аз Афғонистон баррасӣ намуданд

Дар Душанбе машварати навбатӣ миёни Вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷаи Австрия баргузор гардид.

Давлат Назриев, сӯхангуи  Вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон ба Озодагон иттилоъ дод, ки зимни ин нишаст ҷонибҳо масоили марбут ба муносибатҳои дуҷониба ва бисьёрҷониба, аз ҷумла омодагӣ ба сафари расмии Ҳайнтс Фишер, президенти Австрия ба Тоҷикистонро, ки соли оянда ба нақша гирифта шудааст, матраҳ намуданд: « Пояи қарордодиву ҳуқуқии ҳамкории байни Тоҷикистон ва Австрия, самтҳои калидии татбиқӣ барномаҳои Стратегияи Иттиҳоди Аврупо барои Осиёи Марказӣ, ҷалби сармояи австриягӣ ҷиҳати амалӣ намудани барномаҳои сохтмони нерӯгоҳҳои хурду миёна ва амнияти минтақавиро низ мавриди баррасӣ қарор доданд ».  

Гуфта мешавад  дар ин мулоқот ҳайати Тоҷикистонро Маҳмудҷон Собиров, муовини аввали Вазири корҳои хориҷа ва ҷониби Австрияро хонум Ҳайдемари Гюрер, сафир, сардори раёсати Аврупои Шарқӣ, Балкани Ғарбӣ, Қафқози Ҷанубӣ ва Осиёи Марказии Вазорат оид ба масъалаҳои аврупоӣ ва байналмилалии Австрия намояндагӣ карданд.

Манбаъ илова намуд, ки ҷонибҳо доир ба баровардани қушунҳои байналмилалӣ оид ба сулҳ ва татбиқи барномаҳои минтақавӣ пас аз соли 2014 аз Афғонистон табодули афкор намуданд: « Дар мавзӯи Афғонистон тарафҳо оид ба зарурияти талошҳои бештари ҷомеаи ҷаҳонӣ дар бобати барқарор намудани сулҳу субот, устуворӣ ва фароҳам овардани заминаҳои мусоиди иҷтимоӣ-иқтисодии ин кишвар ақидаи ягона доштанд. Таъкид карда шуд, ки истиқрори сулҳу субот дар Афғонистон ба амнияти минтақавии Осиёи Марказӣ вобастагии зич дорад».

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)