Бахшҳо

Додситонӣ: «Корвон»-ро қасдан сӯзонидааанд

Бино ба қавли мутахассисон, бозори «Корвон» қасдан оташ зада шудааст.

Дар ин бора дар Оҷонсии Ховар, дар такя бо иттилои додситонии кулли кишвар матлаб ба нашр расидааст. Гуфта мешавад, мутахассисон муайян кардаанд, ки бозори “Корвон”, калонтарин бозори шаҳри Душанберо афроди номаълум қасдан оташ задаанд: «Бозорро  фарди номаълум бо истифода аз солярка  оташ задааст»

Зимнан, прокуратураи генералӣ дар робита ба ин ҳодиса, бо се банди Кодекси Ҷиноӣ, яъне вайрон кардани қоидаҳои зидди сӯхтор, хунукназарӣ ва тахрибкорӣ парвандаи ҷиноятӣ боз кардааст. Муфаттишони додситонӣ фарзияҳои оташсӯзӣ бар асари расиши ноқилҳои барқӣ, истифодаи таҷҳизоти барқӣ ва газиро истисно кардаанд.

Маврид ба ёдоварист, рӯзи 5-уми сентябри соли равон, бар асари оташсӯзӣ дар қисмати яклухтфурушии бозори “Корвон”, ҳудуди 8 ҳазор метри мураббаъи бозор ва 2250 дӯкону нуқтаи савдо нобуд шуд. Дар ин ҳодиса як нафар ҳалок ва чор каси дигар захмӣ шуданд. Додситонии кулли Тоҷикистон мегуяд, ки Бонки Миллӣ ва ташкилотҳои қарзӣ мӯҳлати бозпасгардонии маблағҳои қарзии 700 нафар соҳибкорро тамдид кардаанд. Инчунин маъмурияти бозори “Корвон” 2550 адад нуқтаи савдоро барқарор карда ва ба соҳибкорон супурдааст.

Дар ҳамин ҳол, додситонӣ иттилоъ додааст, ки тафтиши қазияи сӯхтори бозори «Корвон» то ҳанӯз анҷом наёфтааст ва он чанд рӯзи дигар идома хоҳад кард.

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Обхезӣ ва шаҳрдорӣ17:44Оғоз15:39Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33
ТАҚВИМ
«    Октябр 2026    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 
БОЙГОНӢ
Май 2026 (2)
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)