Эмомалӣ Раҳмон бо рафти сохтмон ва ороишу таҷҳизи Осорхонаи миллии Тоҷикистон ва Маркази фарҳангию фароғатии Сомониён шинос шуд.
Тибқи иттилои дафтари матбуотии президент, ӯ аввал ба бинои навбунёди Осорхонаи миллии Тоҷикистон, ки дар як паҳлӯи иншооти маъмурию фарҳангии маркази шаҳри Душанбе қомат афрохтааст, ташриф овард. Зимни шиносоӣ бо рафти таҷҳиз ва ороиши берунию дохилии бино, ки аз толору утоқҳои сершумори махсус барои нигоҳдории ёдгориҳои нодири таърихию фарҳангӣ муҷаҳҳазгардида иборат мебошанд, ба масъулини соҳа доир ба мутобиқ намудани онҳо бо талаботи техникию технологӣ ва ҷобаҷогузории дурусти маводи намоишӣ дастуру ҳидоятҳо дод. Таъкид гардид, ки барои ин кори муҳим беҳтарин олимону мутахассисон ва омӯзгорону донишҷӯёни таъриху фарҳангшинос сафарбар карда шаванд.
Қайд гардид, ки осорхона аз толорҳои давраҳои гуногуни таърихи гузаштаю муосири миллати тоҷик ва ёдгориҳои нодири фарҳангӣ иборат буда, ҳама бо шабакаҳои гармидиҳию салқинсозӣ, оташнишонӣ, муҳофизатӣ ва ғайра муҷаҳҳаз мебошанд.Барои ба таври шоиста ба поён расондани тамоми корҳои таҷҳизу ороиш, ҷобаҷогузории дурусти осори намоишӣ ва ба кор ҷалб намудани беҳтарин мутахассисони соҳа ба масъулин то 1 марти соли 2013 муҳлат дода шуд.
Пас аз ин Эмомалӣ Раҳмон ба Маркази фарҳангию фароғатии Сомониён, ки дар паҳлӯи меҳмонхонаи 5-ситорадори «Ҳаят-реҷенсӣ» ва кӯли Ҷавонон дар ҳоли сохтмону таҷҳиз қарор дорад, ташриф оварда, бо рафти корҳо аз наздик шинос шуд. Гуфтанист, бинои асосии марказ аз ду ошёнаи зеризаминӣ ва се ошёна дар рӯйи замин иборат буда, баландии гумбази марказии он ба 38 метр мерасад.Маркази мазкур аз 12 толори хурду бузург иборат буда, дар як вақт метавонад ба 2 ҳазор нафар мизоҷон хизмат расонад.
Мӯҳр