14-уми ноябр мунтахаби Эрон таҳти сарварии мутахассиси португалӣ Карлуш Кейруш дар Теҳрон бо тими миллии Ӯзбакистон рақобат хоҳад кард.
Бояд зикр намуд, дастаҳои мунтахаби Тоҷикистону Эрон ҳамагӣ се бозӣ анҷом додаанд. Нахустин бозии ин дастаҳо 13-уми июни соли 1993 дар доираи мусобиқаи байналмилалӣ дар Теҳрон буд, ки бо пирӯзии мунтахаби Эрон бо ҳисоби 1:0 хотима ёфта буд. Бозии дувум миёни тимҳои мунтахаби Эрон ва Тоҷикистон 10-уми декабри соли 1998 дар Бангкок (Тайланд) дар доираи бозиҳои осиёӣ бо ҳисоби бузурги 5:0 ба нафъи эрониҳо ба анҷом расида буд. Бозии охирин 12 сол муқаддам - 28-уми ноябри соли 2000-ум дар Табрез дар доираи бозиҳои сабқати интихобии Ҷоми ҷаҳон-2002 баргузор шуда буд. Ин бозӣ низ бо пирӯзии тими миллии Эрон бо ҳисоби 2:0 поён ёфтааст.
Мӯҳр« Май 2025 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | 4 | |||
5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 |
12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 |
19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 |
26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 |