Бар асари як сониҳаи нақлиётӣ дар шимоли Тоҷикистон ноболиғ зери чархи мошин монд.
Тавре аз хадамоти матбуоти Вазорати корҳои дохила ба хабаргузории Озодагон иттиллоъ доданд, рӯзи гузашта ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс» Нигина Усмоноваи 25 сола, сокини шаҳри Чкалови вилояти Суғд, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи Конибодом-Ғафуров-Деҳмой дар километри 62-юми роҳ, воқеъ дар рӯ ба рӯи ҳавлии истиқоматии №131-и кӯчаи Дӯстӣ бехатарии ҳаракати роҳро риоя накарда, пиёдагарди хурдсол Аниса Исмонова, сокини ҷамоати деҳоти Хистеварзро пахш намудааст.
Дар натиҷа пиёдагарди 11 сола ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар маҳали ҳодиса ба ҳалокат мерасад.
Мӯҳр