Сюзан Эллиотт, сафири нави ИМА дар Тоҷикистон ва Рустам Назаров, директори Агентии назорати маводи нашъаовар зери созишномае имзо гузоштанд, ки дар асоси он ҳукумати Амрико барои дастгирии барномаҳои вобаста ба амнияти марзҳо дар Тоҷикистон беш аз 9 миллион доллари амрикоӣ ихтисос медиҳад.
Аз Шӯъбаи робита бо ҷомеаи сафорати Амрико дар Душанбе ба Озодагон гуфтанд, ки ин маблағ ҳамчунин барои ислоҳоти соҳаи ҳифзи ҳуқуқ, мубориза бар зидди маводи мухаддир, хариду фурӯши одамон ва рушди соҳаи адлия нигаронида шудааст. Бино ба иттилои манбаъ, кӯмаки молиявии ҳукумати ИМА барои пешгирӣ намудани интиқоли ғайриқонунии амвол ва одамон тавассути марзҳои Тоҷикистон ва дастгирӣ намудани барномаи фарогири ислоҳоти соҳаи милиса бо ташкил додани гурӯҳҳои ҳамкории мақомоти ВКД бо ҷомеа ва баргузор намудани омӯзиш барои сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ истифода мешавад. Қисме аз ин маблағ ба Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон барои сайқал додани маҳорати мутахассисони ояндаи соҳаи ҳуқуқ равона хоҳад шуд.
«Ҳукумати ИМА маблағи иловагии як миллион доллари захираи ташаббусҳои зидди маводи мухаддир дар Осиёи Марказӣ (CACI) бо мақсади дастгирӣ намудани имкониятҳои АНМН ҳангоми гузаронидани тафтишот ва ҳабси нашъаҷаллобон ҷудо хоҳад кард. Маблағи мазкур барои мустаҳкам намудани ҳамкории байни Агентии назорати маводи нашъаовар ва воҳидхои мансуб ба CACI дар Афғонистон ва кишварҳои ҳамсоя кӯмак мекунад. Дар чаҳорчӯби ин барнома, ҳукумати ИМА бунёди инфрасохтор, таъмини таҷҳизот ва кӯмакҳои техникиро пешбинӣ кардааст»,-афзуд манбаъ.
Мӯҳр