Ду нафаре, ки дар сарҳади Қирғизистон бо 24 кило ҳероин боздошт шудаанд, кормандони собиқи Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Мурғобанд,- мегӯяд ВКД.
24-уми октябр Оҷонсии мубориза бо маводи мухаддири Қирғизистон хабар дод, ки ду корманди бахши умури дохилии ноҳияи Мурғобро дар гузаргоҳи Гардебаи ноҳияи Олой боздошт ва аз пинҳонгоҳи махсуси мошини онҳо 24 кило ҳероин мусодира кардаанд.
ВКД-и Тоҷикистон дар шарҳи ин хабар гуфт, дастгиршудаҳо капитани милиса Асалбек Боронбоев ва подполковники милиса Маҳкам Лашкаров 20-уми октябр барои ҳамкорӣ бо гуруҳҳои ҷиноии шаҳри Хоруғ аз системаи Вазорати умури дохилӣ хориҷ шуданд: «Дар қатори онҳо, ҳафт милисаи дигари Бадахшон аз мақомҳои худ барканор шуда, бархеи дигар танбеҳ гирифтаанд».
Мӯҳр