Бахшҳо

Тағйироти кадрӣ дар ҳукумати Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон як қатор нафаронеро аз вазифа озод намуда, чанд тани дигарро ба вазифаҳои нав таъин намуд. Тибқи иттилои маркази матбуотии президент Абдукарим Ҳикматов аз вазифаи раиси ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд озод шуд ва ба ҷои ӯ Мирзоаҳмад Аҳмадзода иҷрокунандаи вазифаи раиси ин ноҳия таъин гардид.Ҳабибулло Нозирӣ аз вазифаи муовини якуми раиси Кумитаи телевизион ва радио, Воробев Владимир Василевич аз вазифаи сармуҳаррири рӯзномаи «Народная газета», Ҳайдар Ҷӯраев аз вазифаи сармуҳаррири рӯзномаи «Халқ овози», Абдурашид Хуҷамқулов аз вазифаи муовини якуми директори телевизиони «Сафина» ва Шаҳло Насриддинова аз вазифаи муовини директори телевизиони «Сафина», Исроил Носиров аз вазифаи директори гурӯҳи назди ҳукумати  Тоҷикистон оид ба татбиқи лоиҳаҳои сохтмони иншооти гидроэнергетикӣ ва Зафар Саидов аз вазифаи муовини роҳбари минтақаи озоди иқтисодии Суғд озод шудаанд.Бино ба иттилои манбаъ, бо қарорҳои ҳукумати Тоҷикистон, ҳамчунин Саид Сиддиқов муовини якуми раиси Кумитаи телевизион ва радио, Сироҷиддин Иззатуллоев сармуҳаррири рӯзномаи «Народная газета», Ёқубҷон Абдуманонов сармуҳаррири рӯзномаи «Халқ овози» ва Абдукарим Ҳикматов директори генералии корхонаи воҳиди давлатии Востокредмет таъин карда шуданд.Бо фармони президент Камол Абдураҳимов аз вазифаи сармуҳаррири рӯзномаи «Ҷумҳурият», Ҳуриннисо Ализода аз вазифаи сармуҳаррири маҷаллаи «Бонувони Тоҷикистон» ва Саид Сиддиқов аз вазифаи мудири шуъбаи иттилоотию таҳлилии Дастгоҳи иҷроияи президент озод шуданд.Шаҳло Насриддинова сармуҳаррири маҷаллаи «Бонувони Тоҷикистон», Исроил Носиров директори гурӯҳи назди президент оид ба татбиқи лоиҳаҳои сохтмони иншооти энергетикӣ, Ҳуринисо Ализода ва Нодир Мирзоев муовинони директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон таъин гардиданд.Абдурашид Хуҷамқулов директори Радиои Тоҷикистон ва Самариддин Гадоев директори шабакаи якуми телевизиони Тоҷикистон таъин карда шуданд.Эмомалӣ Раҳмон нафарони ба вазифаҳои нави пурмасъулият таъиншударо табрику таҳният гуфта, онҳоро ба хизмати софдилонаю содиқона ба нафъи давлату миллат ва риояи бечуну чарои талаботи қонунгузории кишвар ҳидоят намуд.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Феврал 2023    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)