Бахшҳо

120 адад капсулаҳои ҳероин аз дохили меъдаи як мусофир дарёфт гардид

Кормандони раёсати минтақавии гумруки майдони ҳавоии шаҳри Душанбе дар фурудгоҳи шаҳр интиқоли маводи мухаддирро пешгирӣ намуданд.

Тавре Абдурахими Умариён Сардори Шуъбаи иттилоотии Хадамоти гумрук ба Озодагон хабар дод, ки дар вақти  барасмиятдарорӣ ва назорати гумрукии мусофирони хатсайри №2954 самти Душанбе – Екатаринбург бо гумони қочоқи маводи мухаддир бо усули дохили меъдагӣ шаҳрванди 37-соларо дастгир намуданд. Зимни аз назорати гумрукӣ гузаронидани гумонбаршуда маълум гардид, як миқдор маводи шубҳаноки монанд ба навъи ҳероинро дар дохили пойафзоли худ пинҳон кардаааст.

Инчунин манбаъ афзуд, ки бар замми он миқдори зиёди капсулаҳоро бо роҳи фурӯ бурдан дар меъдааш низ ҷой карда аст. Ҳолати аз ҳама ташвишовар он буд, ки ҳаҷми ҳар як дона капсулаҳои истеъмолнамудаи ин мусофир ниҳоят калон буда, вазни он то 7-грамро ташкил медод. Коршиносони масоили тиб мегӯянд, дар сурати кафидани яке аз ин капсулаҳо дар дохили меъда, аз эҳтимол дур нест, ки инсон худи ҳамон лаҳза ба ҳалокат бирасад. Ҳамин тавр маълум гардид, ки миқдори капсулаҳои дохили меъдаи ин мусофир 120 ададро дар бар мегирад. Дар натиҷаи ташхиси махсус муайян карда шуд, ки маводи мухаддири боздоштшуда навъи ҳероин буда, вазни умумии он дар якҷоягӣ 1килою 241,2 грамро ташкил дод.

Феълан нисбат ба ин ҳодиса бо моддаҳои 32 қисми 3, 289 қисми 2 ва 200 қисми 4-и кодекси ҷиноӣ парвандаи ҷинои боз гардида, атафтишот идома дорад.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)