Намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия иштироки шаҳрвандони Тоҷикистон дар ихтилофоти сохтмончиёни иншоотҳои олимпии шаҳри Сочиро рад намуд.
Аз Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон ба Озодагон иттилоъ доданд, ки 6-уми ноябр дар як қатор васоити ахбори омма хабарҳо дар бораи моҷаро байни коргарони иншоотҳои олимпии шаҳри Сочии Федератсияи Русия пайдо гардиданд.
Манбаъ мегӯяд, тибқи хабари Вести.ру, коргарон дар пойтахти Бозиҳои олимпии соли 2014 задухӯрд кардаанд, ки дар он гӯё наздики 240 нафар сокинони Тоҷикистон иштирок доштанд.
Вале ба қавли сарчашма дар робита бо ин масъала намояндагии Хадамоти муҳоҷиратиТоҷикистон дар Федератсияи Русия якҷоя бо раиси ҷамоаи тоҷикони шаҳри Сочи Фаррух Миров ин иттилоотро санҷида, баъди он муқаррар намуданд, ки дар ин хархашаи оммавӣ шаҳрвандони Тоҷикистон иштирок накардаанд.
Мӯҳр