Бахшҳо

Раҳмонов: «Мо аз ин тасмим пуштибонӣ мекунем»

Дар шаҳри Кўлоб муаррифии лоиҳаи бузургтарин осоишгоҳи табобатӣ дар вилояти Хатлон баргузор шуд.

Бино ба иттилоъи хабарнигори маҳалии Озодагон, ин тафреҳгоҳ бо маблағи 15 миллион сомонӣ аз ҷониби ҶММ «Зарҳам» дар ҳудуди хоҷагии ба номи Ҳамадонӣ бунёд ёфта, ҳадафи аслии он таъмини саломатии мардум мебошад. Он дар майдони беш аз 18 гектар бунёд шуда, дар як вақт 150 нафар дар ин ҷо ба табобату истироҳат фаро гирифта мешавад. Дар осоишгоҳ ба ғайр аз утоқҳои муолиҷавӣ, инчунин майдони футбол, корти теннис, ҳавзи шиноварӣ, марказҳои маърифатӣ, маданиву маишӣ аз ҷумлаи китобхона, толори баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ бунёд хоҳанд шуд.

Ҳамчунин, барои истироҳати мизоҷон дар осоишгоҳ нишастгоҳҳои алоҳида ва   ҷои тафреҳу сӯҳбат миёни сабзазор бо диду намуди нав сохта мешаванд. Набиҷон Зардиев, роҳбари ҶДММ «Зарҳам» гуфт: «Хизмати ходимони осоишгоҳ танҳо барои мизоҷони алоҳида нест, балки кулли сокинони шаҳру аҳолии Кӯлоб метавонанд, аз хизмати доимии тиббӣ дар ин ҷо  бархўрдор бошанд».

Шаҳрдори Кӯлоб Абдуғаффор Раҳмонов зимни муаррифии барнома, ки масъулини он низ ширкат доштанд, гуфт: «Мо аз чунин як лоиҳа, ки барои таъмини тандурустӣ ва истироҳати мардум  пешбинӣ мешавад, истиқбол дорем ва аз ҷониби худ кӯмакамонро дареғ намедорем».


Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Обхезӣ ва шаҳрдорӣ17:44Оғоз15:39Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33
ТАҚВИМ
«    Октябр 2026    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 
БОЙГОНӢ
Май 2026 (2)
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)