Бахшҳо

Шаффофият барои рушд. Дар Тоҷикистон

Дар Душанбе семинар оид ба ташаббуси шаффофияти соҳаҳои истихроҷкунанда доир мегардад.

Дар ин бора ба Озодагон аз намояндагии Институти «Ҷамъияти Кушода» - Бунёди Мадад дар Тоҷикистон иттилоъ доданд. Ин чорабинӣ бо ҳамшарикии гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ, Ҷамъияти олмонии ҳамкории байналмилалӣ (GIZ)  ва Вазорати молияи ҶТ барои намояндаҳои сохторҳои давлатӣ, ширкатҳои соҳаи истихроҷкунанда ва созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ сурат мепазирад. Ҳадаф аз семинар дурнамои амалӣ намудани ТШСИ (ташаббуси шаффофияти соҳаҳои истихроҷкунанда) дар Тоҷикистон ва баррасии таҷрибаи
Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Муғулистон оид ба пешбурди Ташаббуси шаффофияти соҳаҳои истихроҷкунанда мебошад.

Гуфта мешавад, Ҷумҳурии Тоҷикистон раванди ҳамроҳшавиро ба ТШСИ моҳи июни соли 2011 шурӯъ кардааст. Моҳи августи ҳамон сол 21 созмони ҷомеаи шаҳрвандӣ  ҷонибдориашонро аз ТШСИ изҳор намуданд ва Иттиҳоди «Шаффофият барои рушд»-ро таъсис доданд. Барои омода кардани воридшавӣ ба ташаббуси мазкур бо супориши ҳукумат аз ҳисоби намояндагони вазорату идораҳо, ширкату созмонҳои ҷамъиятӣ гурӯҳи корӣ таъсис дода шуд. 31 августи соли 2012 Ҳукумати Тоҷикистон лоиҳаи қарори ҳамроҳшавии кишварро ба ТШСИ  қабул кард.

Ҳамроҳшавии Тоҷикистон ба ТШСИ таъсири мусбат дошта, обрӯи мамлакатро чун як кишвари шаффофи соҳаи истихроҷкунанда баланд мебардорад ва вазъи сармоягузориро ба ҷумҳурӣ беҳ мегардонад. Ба ғайри ин, Тоҷикистон чун як кишвари ҷонибдори ТШСИ қонунгузориашро такмил медиҳад, дараҷаи шаффофияти даромадҳоро ба буҷаи давлатӣ ва харҷи дурусти онҳоро боло мебарад, вуруди сармояи хориҷиро афзун мекунад ва бо ин теъдоди ҷойҳои нави корӣ, сарчашмаи нави даромади табақаҳои муайяни аҳолӣ ба вуҷуд меоянд.

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Обхезӣ ва шаҳрдорӣ17:44Оғоз15:39Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33
ТАҚВИМ
«    Октябр 2026    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 
БОЙГОНӢ
Май 2026 (2)
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)