Бахшҳо

Нишасти навбатии вазирони умури хориҷа дар Ҷибутӣ

Имрӯз, 15-уми ноябр нишасти 39-уми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ ба кори худ шурӯъ намуд.

Аз Вазорати корҳои хориҷа ба Озодагон иттилоъ доданд, ки ин ҳамоиш дар шаҳри Ҷибутии Ҷумҳурии Ҷибутӣ баргузор гардид, ки се рӯз идома хоҳад ёфт.
Гуфта мешавад, дар оғози ҷаласа Вазири корҳои хориҷии Қазоқистон ҳисоботи давраи раёсати он кишвар дар Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Созмонро манзур намуда, роҷеъ ба дастовардҳои созмон дар ин давра ва мушкилиҳои мавҷуда иттилоъ додааст: «Инчунин Дабири кулли Созмон бо ҳисоботи муфассал суханронӣ ва аз таҳавуллоти як соли ахир дар олами исломро натиҷагирӣ намуд».

Умар Гелле, президенти ҷумҳурии Ҷибутӣ ҳозирини нишастро хайрамақдам гуфта, дар суханронии худ аз масъалаҳои доғи олами ислом ёдовар шуд ва нақши созмон дар ҳалли он масъалаҳоро муҳим арзёбӣ намуда, аз кишварҳои узв ба амалкардҳои мушатарк даъват ба амал овард. Нишасти навбатӣ зери шиори «Ҳамраъйӣ барои рушди устувор» баргузор гардида, дар он масъалаҳои мубрами кишварҳои узви Созмон ва олами ислом аз ҷумла дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, илмӣ-техникӣ, фарҳангӣ ва дигар мавриди баррасӣ қарор хоҳанд гирифт.Дар кори нишаст ҳайъатҳои 57 кишвари узв, кишварҳои нозир ва созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ иштирок доранд

Дар ин нишаст ҳайъати Тоҷикистон таҳти раҳбарии муовини вазири корҳои хориҷӣ Низомиддин Зоҳидов иштирок менамояд.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Обхезӣ ва шаҳрдорӣ17:44Оғоз15:39Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33
ТАҚВИМ
«    Октябр 2026    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 
БОЙГОНӢ
Май 2026 (2)
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)