Кормандони Агентии назорати маводи нашъаовар дар қаламрави ВМКБ ин миқдор тамокуро, ки ба таври ғайриқонунӣ ба кишвар ворид шуда буданд, мусодира намудаанд.
Тавре Бобоҷон Шафиев, масъули маркази матуботии Агентии мазкур ба Озодагон хабар дод, кормандони ин ниҳод дар наздики гузаргоҳи марзии “Андароб”-и ноҳияи Ишкошим якҷо ба сарҳадбонон автомашинаи тамғаи “Тангем”-ро мавриди тафтиш қарор доданд. Ҳангоми азназаргузаронии мошин 25 қуттӣ кашф ва мусодира гардид, ки дар доихили он сигори навъи «PINE» ҷойгир шуда буд. Ин миқдор маҳсулоти тамоку барои фурӯш аз Афғонистон ба ВМКБ интиқол дода шуда буд.
Дар ҷараёни роҳандозии чорабиниҳои иловагӣ автомашинаи «Мерседес-Бенс», ки “Тангем”-ро ҳамроҳӣ мекард, нигоҳ дошта шуд. Дар он ду нафар кормандони хадамоти марзбонии ноҳияи Ишкошим, сокини ноҳияи Шуғнон, ҳамчунин зодагони ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон ва шаҳри Душанбе менишастанд: «Дар маҷмӯъ дар иртибот ба ин ҳодиса 5 нафар боздошт гардиданд. Тафтишоти аввалия нишон дод, ки маводи мусодирашуда аз як шаҳрванди Афғонистон гирифта шуда будааст»
Маводҳои тафтишотии ҳодисаи кашфшуда ба прокуратураи вилоят супурда шуд.
Мӯҳр