Президенти Тоҷикистон, шоми рӯзи гузашта дар шаҳри Ашқобод бо президенти Туркманистон, Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов мулоқот кард.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар нишаст масоили ҳамкории ду кишвар дар соҳаҳои сиёсат, иқтисод ва савдо, илму техника ва фарҳанг баррасӣ гардидааст. Бино ба гуфти манбаъ, сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Туркманистон дар доираи ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои ИДМ, ки имрӯз (5-уми декабр) дар назар аст, сурат гирифтааст.
-Дар ин сафар Эмомалӣ Раҳмонро вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон, Ҳамрохон Зарифӣ, мушовири давлатии раисиҷумҳур оид ба сиёсати хориҷӣ Эркин Раҳматуллоев ва дигар ашхоси расмии кишвар ҳамроҳӣ мекунанд,-афзуд манбаъ.
Мӯҳр