Бахшҳо

«Khoday Group of Industries» ба Тоҷикистон сармоягузорӣ карданист

Эҳтимол аст боз як ширкати хориҷӣ бо номи «Khoday Group of Industries» дар бахшҳои гуногуни Тоҷикистон сармоягузорӣ намояд.

Эҳтимолияти сармоягузорӣ намудани ширкати «Khoday Group of Industries»-и Ҳиндустон  ба соҳаҳаҳои мухталифи иқтисодиёт, аз ҷумла дар самти энергетика, саноати вазнин, саноати кўҳӣ ва фармасевтика зимни мулоқоти Давлаталӣ Саидов, раиси Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ бо Шрихари Ходай,  роҳбарияти ширкати мазкур баррасӣ гардид.  

Бино ба иттилои Кумитаи сармоягузорӣ Давлаталӣ Саидов дар ин вохӯрӣ таъкид кардааст, ки айни замон дар Тоҷикистон фазои мусоиди сармоягузорӣ мавҷуд мебошад, ки бо дарназрдошти қонунгузории муосири танзимкунандаи соҳаи сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ, инчунин сабукиҳову имтиёзҳои дар қонунгузорӣ пешбинишуда шароити муфидро барои бахши хусусӣ ва сармоягузорон муҳайё сохтааст.

Номбурда оид ба соҳаҳои эҳтимолии афзалиятнок барои сармоягузорӣ кардан аз қабили гидроэнергетика, саноати кўҳӣ, кишоварзӣ ва туризмро бо дарназардошти имконоти соҳаҳои мазкур муаррифӣ кард.

Манбаъ мегӯяд, сармоягузорони ҳиндӣ зикр доштанд, ки роҳбарият ва намояндагони ширкат тули 10 соли охир ба Тоҷикистон сафар карда, корҳои таҳлиливу кофтуковии бозорҳои мухталифи соҳавии мамлакатро анҷом додаанд: «Дар ин мулоқот қайд шуд, ки ба ҳолати ҳозир оид ба сохтмони 2 адад нерӯгоҳи оби дар Тоҷикистон ташаббус зоҳир шуд».

Гуфта мешавад, зимни ин ҳамоиш  сармоягузорони хориҷӣ ташаббус ва нақшаҳои минбаъда ҷиҳати дар Тоҷикистон аз ангиштсанг истеҳсол намудани сўзишвории моеъ, истеҳсоли алюминии аввала ва минбаъд масолеҳи алюминӣ, ба роҳ мондани фаъолияти металлургӣ дар заминаи маъданҳои оҳан ва кумури коксиро, ки сифати хуби он дар Тоҷикистон мавҷуд аст, матраҳ намудаанд.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Обхезӣ ва шаҳрдорӣ17:44Оғоз15:39Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33
ТАҚВИМ
«    Октябр 2026    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 
БОЙГОНӢ
Май 2026 (2)
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)