Тибқи иттилои хабарнигори маҳаллии Озодагон дар ярмарка аз 6 муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали вилоят, аз ҷумла хоҷагии ҷангали ноҳия, хоҷагии ҷангали ба номи Нурулло Ҳувайдуллоеви ноҳияи Ашт, хоҷагии ҷангали шаҳри Истаравшан, хоҷагии ҷангали ноҳияи Шаҳристон, хоҷагии ҷангали ноҳияи Зафаробод, инчунин бахши муҳити зисти ноҳияи Спитамен, шаҳри Чкалов ва парваришгоҳи «Арча» иштирок намуданд. Аз тарафи муассисаи хоҷагии ҷангали вилоят зиёда аз 5 ҳазор кӯчати ниҳоли ҳамешасабз, 1000 бех мевадиҳанда, зиёда аз 100 намуди гулу буттаҳо оварда, бо нархи арзон пешкаши аҳолӣ гардид.
Қоҳир Расулзода аз рафти ярмарка ва маҳсулоти босифати кишоварзони шаҳру ноҳияҳои вилоят дидан карда, ба масъулини соҳа супориш дод, ки нархи маҳсулоти пешкашкарда бояд аз нархи бозор арзон бошад.
Маврид ба ёдоварист, дар дар ярмарка маҳсулоти босифати озуқаворӣ бо нархҳои арзон, аз қабили 1 кило картошка- 1 сомону 60 дирам, сабзӣ -70 дирам, турб - 70 дирам, харбузаву тарбуз аз 5 то 10 сомонӣ, себ- 1 сомонию 50 дирам, як халта орд- 130 сомонӣ, равған- 7 сомонию 20 дирам, биринҷ- 4 сомонию 50 дирам, гӯшти гов -24 сомонӣ, гӯшти гусфанд - 27 сомонӣ фурӯхта шуданд.
Мӯҳр« Май 2025 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | 4 | |||
5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 |
12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 |
19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 |
26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 |